Мактаби санъати бачагонаи ш.Конибодом - Саҳифаи асосӣ

Аз таърихи мактаб

         Мактаби санъати бачагонаи ба номи Д. Баҳромова – и шаҳри Конибодом таърихи бою ғанӣ дошта, чун муассисаи таълимӣ дар тарбияи эстетикии насли наврас ва тайёр намудани кадрҳои соҳаи ҳунар саҳми арзанда гузоштааст. Тӯли зиёда аз 50 соли фаъолияти пурсамар мактаб ба анъанаҳои хеш содиқ монда, садҳо наврасони болаёқату соҳибистеъдодро ба олами санъат ҳидоят намудааст. Нахустин директори мактаб Носиров Рӯзихӯҷа буда, бо ҳамроҳи бастакори шинохтаи тоҷик дотсент Ҷӯрабой Охунов дар таъсиси мактаб заҳматҳои зиёде ба харҷ доданд. Таълимгоҳ дар давоми мавҷудияташ роҳи душвору мураккабро тай намуда, минбаъд мавқеъ ва симои худро пайдо намуд. Мактаб солҳои дароз чун мактаби мусиқии бачагона амал кардааст. Солҳои зиёд мактаб дар биноҳои гуногун машғулиятҳои худро мегузаронад. Омӯзгорони мактаб: шодравон Латиф Ҷӯраев, Толиб Абдуллоев, Коленков Валерий Иванович, Аюб Шарипов, Икромхон Обидов, Яҳё Юсупов, Худойберди Самандаров, Муҳамадхон Маҳмудов, Абдумалик Болтаев, Маметова Вера дар тарбияи санъаткорони ҷавон, аз худкунии нозукиҳои санъат заҳматҳои зиёд кашидаанд. Рафиқон Рӯзихӯҷа Носиров, Солӣ Холиқов, Латиф Ҷӯраев, Неъмат Обидов, Карим Ҳоҷиев, Охун Рӯзиев, Маҳмудов Муҳаммад, Юсупов Яҳё, Шӯҳрат Эргашев, Тоҳир Ҷӯраев, Маъруф Норбоев тӯли солҳои гуногун роҳбарии мактабро ба ӯҳда гирифта, дар тарбияи истедодҳои ҷавон, ҷалби онҳо ба олами зебои кушишҳои зиёд ба харҷ додаанд. Баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳуриямон аз ҷониби давлату ҳукумат ба муассисаҳои фарҳангӣ нозукиҳои зиёд зоҳир карда шуд. Бо қарори раиси шаҳри Конибодом таҳти № 430 аз 15.12.2008с мактаби мусиқӣ ба муассисаи таълимии давлати «Мактаби санъати бачагона» табдил дода шуда, собиқ мактабҳои мусиқӣ ва рассомӣ муттаҳид карда шудаанд. Мувофиқи қарори маҷлиси вакилони халқии шаҳр аз 23.12.2010с мактаби санъати бачагона ба номи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилором Баҳромова гузошта шудааст. Имрӯз мактаб дорои биноҳои замонавӣ буда, шӯъбаҳои созҳои миллӣ, рассомӣ, фортепиано, синфҳои алоҳидаи театрӣ, дӯзандагӣ, хореографӣ, сарояндагӣ, кашидадӯзӣ, (сӯзанӣ) ва филлиалҳои он дар деҳаҳои дурдасти шаҳр пурсамар фаъолият бурда истодаанд. Дастпарварони мактаб дар тамоми чорабиниҳои фарҳангию шаҳри, вилоятӣ, озмунҳои байналхалқи ширкат меварзанд. Шогирдони ин мактаб Фирдавс Неъматов, Шоҳрух Юнусов, лауреатҳои озмунҳои байналхалқӣ, Мижгона Иброҳимова, Собирҷон Шамсиев, Муҳиба ва Муҳаммадҷон Шокировҳо дар озмунҳои гуногуни баналхалқӣ ширкат варзида ғолибият ба даст овардаанд.


Материалов нет